Лоиҳаи «Муколамаи фаромарзии бисёрҷониба ба нафъи таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, ба муколама ва ҳамкории бисёрҷонибаи фаромарзӣ дар байни Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешбурди таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, пешгирии тундгароӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи решаҳои ифротгароии зӯроварона ва аҳамияти ҳусни тафоҳум, инчунин ба таҳкими неруи ҷомеаи шаҳрвандии минтақаҳои
наздисарҳадии се мамлакат равона гардидааст.
Лоиҳа аз тарафи консорсиум таҳти роҳбарии Фонди ба номи Конрад Аденауэр якҷоя бо се шарики миллӣ: Ҳаракати Экологиии “БИОМ” (Қирғизистон), Ҳаракати Умумимиллии “Юксалиш” (Ӯзбекистон) ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Гендер ва Тараққиёт» (Тоҷикистон) дар давоми 36 моҳ амалӣ карда мешавад, аз соли 2020 оғоз гардида, соли 2023 ба итмом мерасад.
Рисолати асосии лоиҳа – мусоидат ба муколама ва ҳамкории бисёрҷонибаи фаромарзӣ дар байни Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешбурди таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии тундгароӣ.
Мақсади лоиҳа – баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи решаҳои ифротгароии зӯроварона ва аҳамияти ҳусни тафоҳум, таҳкими неруи ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллии минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, татбиқ ва ниҳодигардонии шаклҳои гуногуни муколамаи фаромарзӣ ва байнисоҳавӣ барои талқини таҳаммулпазирӣ, пешгирии ифротгароии зӯроварона, беҳтар намудани ҳамкории байни ҷамъиятҳои наздисарҳадӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ.
Барои ҳалли самараноки вазифаҳои номбаршуда дар доираи фаъолияти лоиҳа кор оид ба муайян ва таҳлил намудани сабабҳои ифродгароии хушунатомезӣ, ки ба гуруҳҳои гуногуни мақсаднок тааллуқ доранд, гузаронида шуд, ки ба се кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нигаронида шудааст;
Дар он тадқиқоти кабинетии "Омилҳои осебпазирӣ ва устувории ҷавонони Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба хатарҳои радикализатсия ва экстремизм", таҳлили мундариҷаи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои муайян кардани паёмҳое, ки бо мазмуни қолабҳои этникӣ, мазҳабӣ ва дигар пахш карда мешаванд, ва ё ба паҳншавии ғояҳои экстремизм ва радикализм дар Кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин тадқиқоти саҳроии иҷтимоӣ бо мақсади муайян кардани ниёзҳо ва мушкилоте, ки ҷавонон дар минтақаҳои наздисарҳади водии Фарғона дучор меоянд, баррасӣ мешавад.
Тадқиқот барои таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба таҳкими таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон замина мегузорад.
Тадқиқотҳо, бахусус бо фаъолиятҳо оид ба баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи имкониятҳои ҷавонон ва аҳамияти пешбурди таҳаммулпазирии этникӣ ва мазҳабӣ, аз ҷумла тавассути гузаронидани омӯзишҳо барои ВАО-и маҳаллӣ, алоқамандии зич доранд.
Ин самти лоиҳа таҳияи стратегияи минтақавии ВАО-ро барои муқовимат ба паҳншавии ғояҳои ифротгароии хушунатомез, ки боиси радикализатсия, ихтилофоти байнимиллӣ ва терроризм мегардад, ба баланд бардоштани иқтидори ташаббусҳои ҷавонон ва такмили маҳорати рӯзноманигорон дар масъалаҳои инъикоси ғайридавлатии рӯйдодҳо, ташкили платформаҳо барои мубодилаи минтақавии таҷриба ва фаъолияти фаромарзӣ, ки ба пешбурди сулҳ ва таҳаммулпазирӣ, инчунин субгрантҳо барои истеҳсоли маҳсулоти медиавӣ оид ба масъалаҳои таҳаммулпазирӣ ва сохтмони сулҳ, равона карда шудааст.
Таҳкими иқтидори фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаббусҳои ҷавонон, ҷонибҳои манфиатдор дар соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии ҳокимият бо мақсади мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии ифротгароии хушунатомез дар минтақаҳои наздисарҳадии се кишвар
Баланд бардоштани иқтидори гуруҳҳои ҷавонон ва ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои миёнаравҳои фаъоли муколама дар минтақаҳои наздисарҳадӣ
Ҷорӣ намудани барномаҳои таҳаммулпазирӣ, сулҳсозӣ ва ҳамсоягии нек ба системаи таҳсилоти ғайрирасмӣ ва иловагӣ дар мактабҳои Осиёи Марказӣ
Таҳияи Дастурҳои "Соатҳои синфӣ оид ба ҳамсоягии нек ва сулҳсозӣ барои омӯзгорони мактабҳо" барои гузаронидани машғулиятҳои беруназсинфӣ бо 4 забон нашр карда мешавад;
курси кушоди онлайн барои омӯзгорон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо 4 забон нашр карда мешаванд, гузаронида мешавад; се конфронси якрӯза дар 3 кишвар барои 50 иштирокчӣ аз ҳар як кишвар, аз қабили намояндагони системаи таҳсилоти миёна (дар маҷмуъ 150 иштирокчӣ) гузаронида мешавад.
Эҷод ва дастгирии платформаҳои гуногуни муколамаи фаромарзӣ ва байнисоҳавӣ барои амиқтар кардани робитаҳои байни одамон, мубориза бо қолабҳо, эҷоди эътимод ва таҳаммулпазирӣ
Дар доираи фаъолияти лоиҳа дар сатҳи ҷамоатҳои маҳаллӣ дар се кишвар гуруҳҳои намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва фаъолони маҳаллӣ барои таҳияи "Рӯзномаи таҳаммулпазирии маҳаллӣ" барои муайян кардани мушкилоти маҳаллӣ ва ҳалли роҳҳои онҳо таъсис дода мешаванд.