НАМУНАИ МАРКАЗҲОИ ДӮСТӢ
Марказҳои Дӯстӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Муколамаи бисёрҷонибаи фаромарзӣ ба хотири таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, таъсис дода шудаанд, ки ба таҳкими муколамаи бисерҷонибаи фаромарзӣ ва ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии радикализатсия равона шудааст.
Вазифаи Марказ: ҳамчун Маркази динамикии шабакавӣ (Хаб) барои ташаббусҳои гуногуни фаромарзӣ, фаъолият оид ба рушди иқтидор барои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва платформаҳои мубоҳисавии ҷавонон, инчунин барои таҳияи маводҳои таълимӣ ва иттилоотӣ фаъолият намояд.
Самти фаъолияти Марказ дар доираи Лоиҳа:
- ташаккул ва таҳкими иқтидори ҷавонони донишҷӯ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ бо мақсади мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими сулҳ ва муносибатҳои хуби байни миллатҳо, таҳаммулпазирии этникӣ ва динӣ.
- дастгирии шаклҳои гуногуни муколама, аз қабили маҳфилҳои мубоҳисавӣ, барномаҳои баҳсӣ, тренингҳо ва форумҳои минтақавии коршиносони ҷавонон.
Гурӯҳҳои мақсаднок:
Ҷавонон дар ҳар се кишвари мақсаднок (аз 18 то 35 сола)
Чавонони фаъоли ташкилотхои ибтидоии махаллй
Намояндагони ҷавон дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ
Омӯзгорони ҷавон дар донишгоҳҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ
Толибилмони синфҳои болои
Омӯзгорон
Намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ
Рӯзноманигорон
Ҷомеаҳои маҳаллӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ.
Пас аз ба итмом расидани Лоиҳа, донишгоҳҳои қабулкунанда моликияти Марказро ба даст мегиранд ва фаъолияти онро идома медиҳанд.
Дар доираи фаъолияти лоиҳа дар “марказҳои дӯстӣ” дар маҷмӯъ на камтар аз 120 Чорабинӣ ба Нақша гирифта шудааст.
Мувофиқи нақшаи Кории Маркази Дӯстӣ ва Таҳаммулпазирӣ (CfT) амалҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:
Гузаронидани тренингҳо, барномаҳои баҳсу мубоҳисавӣ, чорабиниҳои таълимӣ ва видеоконфронсҳо
- Гузаронидани ТОТ барои се кишвар.
18 тренерони ҷавон (ҳадди ақал 50% занон) аз омӯзиши махсус барои тренерон (TOT) мегузаранд, ки дар Маркази CfT дар шаҳри Ош баргузор мешавад.- Гузаронидани 10 чорабинии мунтазам дар Марказ.
Дар Маркази CfT 5 иттилооти гуногун ва 5 чорабинии муколама дар ҳар як силсила баргузор мешаванд. (Тренингҳо бо донишҷӯён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ ва таълимӣ, тақрибан 10 фаъолият.) 200 иштирокчӣ аз гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа.- Дастгирии ташкил ва гузаронидани на камтар 6 тренинги омӯзишӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи тренерони ботаҷриба барои пешвоёни ҷавонон гузаронида мешавад.
Ҳар як чорабинии омӯзишӣ барои 20 нафар иштирокчиён равона карда шуда, шумораи умумии ҷавонони омӯзонидашуда тақрибан ба 120 нафар мерасад, ки баъдан онҳо ҳамчун иштирокчиён барои иштирок дар чорабиниҳои баҳсу мубоҳисавӣ даъват карда мешаванд.