Баргузории чорабинии баҳсӣ мунозиравӣ дар Маркази дўстӣ ва якдигарфаҳмии байнидавлатии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд дар мавзуи “Барои чӣ ҷавонон ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ шомил мешаванд?”
Имруз дар Маркази дўстӣ ва якдигарфаҳмии байнидавлатии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хучанд дар доираи Лоиҳаи байнисарҳадии муносибатҳои дустонаи кишварҳои Осиёи Миёна оид ба пойдории сулҳу субот ва таҳаммулпазирии Фонди Аврупо чорабинии баҳсӣ мунозиравӣ дар мавзуи “Барои чӣ ҷавонон ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ шомил мешаванд?” баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти чорабинии мазкур муҳассилини Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд ва донишҷуёни муассисаҳои олии касбии шаҳр фаъолона иштирок намуданд Чорабинии болозикр дар руҳияи дустию якдигарфаҳмӣ доир гардида, иштирокчиён он ба худ маълумотҳо ва таъсуротҳои навро пайдо намуданд.
Чорабинӣ дар доираи маблағгузории Лоиҳаи байнисарҳадии муносибатҳои дустонаи кишварҳои Осиёи Миёна оид ба пойдории сул