Салом дустони азиз!
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2023 Форуми ҷавонон дар Самарқанд баргузор мешавад, ки дар он се кишвари шарики лоиҳа - Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.
🌍🕊️Имрӯз дар Маркази дӯстӣ ва сулҳ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии иттилоотӣ оид ба омодагӣ ба ҳамоиши байналмилалии «Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ дар Осиёи Марказӣ: Пулҳои дӯстӣ» бо иштироки ҳамаи иштирокчиёни фаъоли лоиҳа аз Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мачлиси машваратй сарвари лоиха Арсен Симонян ба сухан баромада.
Вай барномаи анҷуманро муаррифӣ намуда, ҳадаф ва вазифаҳои баргузории ин чорабинӣ, санаҳо ва чорабиниҳои асосии анҷуманро шарҳ дод.
Иштироккунандагони он мароки калон зохир намуда, дар мубохиса фаъолона иштирок карданд. Саволҳо оид ба омодагӣ ба Форум, саволҳо оид ба таъминоти моддӣ ва презентатсияҳо дода шуданд.
Дар натиҷа байни иштирокчиён вазифаҳо тақсим карда шуда, гурӯҳе таъсис дода шуд, ки тамоми ҳуҷҷату маводи заруриро барои баргузории форум омода созанд.
Бо эҳтиром,
Насли Ҷаҳон 🕊️🌍🙏