Рӯзҳои 20-21 май дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи мубоҳисавии “Ҷоми сулҳ-2023” дар доираи лоиҳаи «МУКОЛАМАИ БИСЁРҶОНИБАИ ФАРОМАРЗӢ БАРОИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА» баргузор шуд.
Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона иштироккунандагони Ҷумҳуриҳои Қиргизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистан ба чорабинии дурӯза ҷамъ омаданд.
Дар байни онҳо ҳам мубоҳисачиёни ботаҷриба ва ҳам навкороне буданд, ки аввалин мубоҳисаҳои худро дар формати парлумонии Бритониё анҷом доданд.
Дастаҳо аз рӯи принсипи иттиҳод ҷамъ омада буданд: ҳар як даста аз ду нафар иштирокчиёни кишварҳои гуногун иборат буд. Ҳамин тавр, намояндагони ҳамаи мамлакатҳои иштироккунанда ба финал баромаданд. Дастаи мубоҳисарони Ҷумҳурии Тоҷикистон (Нуриддин Ишонқулов) ва Ҷумҳурии Қирғизистон (Айчурок Сардубанаева) ғолиб омаданд.
Ба ҷуз бозиҳо, иштирокчиён дар тренинг оид ба технологияҳои мубоҳисавӣ ва доварӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласаи вижаи “Табодули таҷриба ва фароҳам овардани имконоти ҳамкорӣ” созмондиҳандагони мубоҳисаҳо аз тамоми кишварҳои ширкаткунанда таҷрибаи худро дар мавриди баргузории мусобиқаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои мубоҳисавии маҳаллӣ мубодила карданд.
Созмондиҳандагон қайд мекунанд, ки дар байни иштирокдорон муносибатҳои эътимодбахшу дӯстона барқарор гардида, онҳо аз муҳокимаи гуногунии фарҳангии кишварҳо ва ҷомеаҳое, ки халқҳои минтақаи Осиёи Марказиро муттаҳид мекунанд, хушҳол буданд.
Сарфи назар аз он, ки чорабинӣ аз рӯи ҷадвали танг баргузор шуда буд, баҳсҳо ҷолиб ва бо сифати баланд ва шабакавӣ дар рӯҳияи ҳамсоягии нек ва табодули таҷрибаҳои муфид сурат гирифт.