Дар доираи лоиҳаи «Муколамаи бисёрҷонибаи фаромарзӣ барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Осиёи Миёна», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, мусобиқа барои ширкат дар Озмуни байналмилалии «Friendbridge – роҳи таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ» эълон шудааст.
🗓 Қабули дархостҳо барои ширкат дар озмуни байналмилалии “ Friendbridge – роҳи таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ” аз 10 майи соли 2023 оғоз мешавад.
Озмун аз якчанд марҳила иборат буда, дар мӯҳлатҳои зерин гузаронида мешавад:
🔺аз 10 май то 25 майи соли 2023 - қабули дархостҳо (марҳилаи интихоб);
🔺аз 28 майи соли 2023 - таҳлили супориши озмун (марҳилаи асосӣ);
🔺то 31 майи соли 2023 – ҷамъбасти натиҷаҳои озмун (финал).
👦🏻👧🏼 Ҳама аз синни 14 то 30 – сола аз кишварҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба иштирок даъват карда мешаванд.
📩 Бақайдгирии иштирокчиён дар марҳилаи интихобии озмун бо пешниҳоди ариза ба суроғаи почтаи электронӣ:
n.sh.muradova@gmail.com (Ӯзбекистон);
gender_fr@mail.ru (Тоҷикистон);
kamilovfaha2001@gmail.com (Қирғизистон)
на дертар аз рӯзи охирини даври интихобии мусобика, сурат мегирад.