Имрӯз дар доираи лоиҳаи «Муколамаи бисёрҷонибаи фаромарзӣ ба манфиати таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ» ҷаласаи корӣ оид ба таъсиси Маркази дӯстӣ дар заминаи литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ гурӯҳи лоиҳавӣ бо ҳайати омӯзгорон ва хонандагони литсей шинос шуда, дар бораи лоиҳа ба иштирокчиён презентатсияҳо пешкаш намуда, ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои минбаъда ва таъсиси Маркази дӯстӣ суҳбат намуданд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва рушд» баргузор гардид.