Дар суҳбат донишҷӯёни донишгоҳҳои маҳаллӣ, донишҷӯёни литсейи касбии политехникӣ ва литсейи хидматрасонии шаҳри Хуҷанд ширкат доштанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ бо ҳадафу вазифаҳои лоиҳа шинос шуда, доир ба нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳ дар минтақа суҳбат намуда, андешаҳои худро иброз намуданд. Муҳокима бо презентатсияҳои интерактивӣ ва викторинаҳои иштирокчиён ҳамроҳ шуд. Чорабинй дар вазъияти гарму чушон ва дустона гузашт.