Иштирокчиёни тренингҳо хонандагони синфҳои болоӣ, донишҷӯён ва намояндагони ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд буданд.
Тренингҳо аз ҷониби тренерҳои ҷавоне, ки дар доираи Лоиҳа таълим гирифтаанд ва дар Алмаато тренингҳои 3-рӯзаро хатм кардаанд, гузаронида мешаванд. Тренерони ҷавон аз рӯи модели «ҷавон ба ҷавон» таҷрибаи ҷавонони минтақаи худро мубодила намуда, ба ин васила ба рушди платформаҳои муколамаи байни миллатҳо ва ташаккули нерӯи ҷавонони минтақаҳои худ мусоидат мекунанд.
Мавзӯҳои тренинг: «Ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ», «Махорати муошират».