Иштирокчиёни моро бо бурди грант табрик мекунем.
Грантҳои ҷавонон имкониятест, ки ҷавонони мо тавоноии худро нишон диҳанд ва ғояҳои худро амалӣ созанд!
Ачилова Рухшона ғолиби гранти лоиҳаи «Омӯзиши малакаҳои гуфтушунид ба ҷавонон тавассути намунаи баҳс» шуд. Ин лоиҳа ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки эътимоднокӣ ва таъсирбахширо дар муошират инкишоф диҳанд.
Маҳмудова Фарангиз ғолиби гранти лоиҳаи «Ҷалби ҷавонон ба тарғиби баробарии гендерӣ ва таҳаммулпазирӣ» гардид. Ташаббуси ӯ ба бунёди ҷомеаи баробарҳуқуқ ва таҳаммулпазир мусоидат мекунад.
Ташаббусҳои ВАО низ дастгирӣ ёфтанд:
Мадина Почоева лоиҳаи «Муҳаббат марз надорад»-ро муаррифӣ кард, ки ҳадафаш паҳн кардани достонҳои мусбати муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ байни фарҳангу халқҳои гуногун мебошад.
Уктам Ризаев ғолиби гранти лоиҳаи «МИГ ва ҷаҳони муосир» гардид. Ҳадафи ташаббуси ӯ истифодаи технологияҳои муосири ВАО ва санъат барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сулҳ аст.
Усмон Ниёзов ғолиби гранти лоиҳаи «Ташаббуси ВАО оид ба рушди муколамаи байнисарҳадӣ ва бунёди сулҳ» гардид. Ҳадафи ташаббуси ӯ фароҳам овардани платформа барои мубодилаи афкор ва ҳамкориҳои байни кишварҳо ва халқҳои гуногун мебошад.
Фирӯза Мирҷумаева лоиҳаи «Намунаҳои мусбати ҳамсоягӣ, ҳамкорӣ, дӯстӣ ва муколамаи байни аҳолии Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуд. Ташаббуси вай ба мустаҳкам шудани муносибатҳои байналхалқй ва инкишоф додани алоқаҳои дустонаи байни халқҳо ёрй мерасонад.
Ин лоиҳаҳо аҳамияти ҷавононро дар бунёди сулҳ ва эҷоди тағйироти мусбӣ инъикос мекунанд. Мо аз пешвоёни ҷавони худ, ки барои ҳамфикрӣ, ҳамкорӣ ва дӯстӣ саъй мекунанд, фахр мекунем.
Бо эҳтиром, дастаи лоиҳаи
“МУКОЛАМАИ БАЙНИСАРҲАДӢ ВА БАЙНИСОҲАВӢ БАРОИ ТАҲАМУЛПАЗИРӢ ВА СУЛҲ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ”