Зинда бод дӯстии минтақаҳо❗️
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон мастер-класс оид ба расмкашӣ ё ки худ инъикоси дӯстӣ дар акс ташкил ва баргузор гардид.😍
Ду рассомдухтаро дар рӯи қоғаз (шакли А4) бо истифодаи қалами оддӣ, қалами ранга, рангҳои обӣ, дар мавзӯи Ватан, модар ва дустӣ мастер класс гузаронида, тасвирро ёд доданд. 🕊
Сипас, ба иштирокчиён супориш дода шуд, ки аксҳо кашанд, баъди тасвири расм дар мавзӯи мазкур тарбиятгирандагон расмҳои тасвиркардаашонро ҳимоя намуданд.👍
Ҳадафи баргузории чунин мастер классҳо ин бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи зебопарастӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, истифодаи дурусти маводҳои мусавварӣ аз расмкашӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.