23 ноябри соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии» шаҳри Хуҷанд маросими ботантанаи ифтитоҳи Маркази дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байналмилӣ баргузор гардид.
Ин марказ дар доираи лоиҳаи «Муколамаи байнисарҳадӣ ва байнисоҳавӣ ба нафъи сулҳ дар Осиёи Марказӣ» ифтитоҳ меёбад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби консорсиум таҳти роҳбарии Бунёди Конрад Аденауэр дар ҳамкорӣ бо се шарикони миллӣ: Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» (Тоҷикистон), ҲЭ «БИОМ» (Қирғизистон), ҲУМ «Юксалиш» (Ӯзбекистон) татбиқ мегардад.
Мувофиқи тасмими гирифташуда, Маркази дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байналмилӣ ба яке аз майдонҳои фаъол ва доимии бисёрфунксионалии таълимӣ табдил меёбад, ки фазои онлайниву офлайниро ҷиҳати рушди имкониятҳои ҷавонон муттаҳид менамояд, онҳоро ба фаъолиятҳои иҷтимоии фаъол ва ташаббускории муколамаи фаромарзӣ ва байнисоҳавӣ бо мақсади мустаҳкамсозии робитаҳо байни одамон, мубориза бо қолабҳо (стереотипҳо) ва тақвияти боварӣ, аз ҷумла бо шомилгардонии намояндагони маориф, хабарнигорон ва ҷомеаи маҳаллӣ ҷалб менамояд.
Дар доираи Лоиҳа аллакай чунин марказҳо дар назди Донишгоҳи давлатии Фарғона (ш.Фарғона, Ӯзбекистон) ва Донишгоҳи давлатии Ош (ш.Ош, Қирғизистон) ифтитоҳ гардидаанд. Тамоми чорабиниҳои Марказ ба рушди сулҳофаринӣ ва бунёди ҷомеаи бисёрфарҳангӣ ва ҳассоси гендерӣ бо тамаркуз ба ҷавонони нигарон ба рушди босубот мусоидат хоҳанд намуд.
Дар заминаи Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳа аллакай омӯзишҳо барои намояндагони ҷавонон оид ба ташкилнамоӣ ва баргузории мусобиқаҳои мунозиравӣ ва барномаҳои мубоҳисавӣ гузаронида шуданд. Баъди анҷоми омӯзишҳо дар заминаи литсей гуруҳҳои ташаббускори ҷавонон «Насли сулҳ дар Осиёи Марказӣ» таъсис дода шуданд ва намояндагони гуруҳҳои ташаббускори ҷавонон дар омӯзишҳои байналмилалӣ барои мураббиёни ҷавон оид ба пешбурди рӯзномаи дӯстӣ ва сулҳофаринӣ дар ш.Алмаато иштирок доштанд ва ҳоло бошад, онҳо мусобиқаҳои мунозиравӣ, барномаҳои мубоҳисавӣ ва омӯзишҳоро оид ба сулҳофаринӣ ва чорабиниҳои ҷолиби дигар барои ҷавононро дар шаҳри Хуҷанд фаъолона баргузор менамоянд.