Аз 15 то 17 майи соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд бо ҷавонону донишҷӯёни фаъол машғулиятҳои омӯзишӣ дар шакли бозӣ баргузор гардиданд.🤩
Тренингҳо аз ҷониби ташаббуси ҷавонони дастгирӣшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Муколамаи бисёрҷонибаи фаромарзӣ барои таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ» гузаронида шуданд.
🕊Ҳадафи асосии тренинг таҳкими равобити дӯстона бо намояндагони кишварҳои ҳамсоя, такмил додани фаҳмиши донишҷӯён дар бораи таҳаммулпазирӣ, ҳалли муноқишаҳо, муоширати дӯстона ва малакаҳои тафаккури интиқодӣ мебошад.🌏
Ҷавонон тавассути омӯзиш малакаҳои муносибатҳои таҳаммулпазирро дар муҳити донишҷӯён ташаккул доданд, малакаҳои ҳалли созандаи муноқишаҳоро ба даст оварданд, шаклҳои рафтори мусбӣ дар муноқишаҳоро азхуд ва паҳн карда тавонистанд.