Супоридани сертификатҳо ва ба нақшагирии баргузории чорабиниҳо дар клубҳои мубоҳисавӣ – мунозиравӣ дар Маркази дўстӣ ва якдигарфаҳмии байнидавлатии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хучанд
Имруз дар Маркази дўстӣ ва якдигарфаҳмии байнидавлатии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хучанд барои хатмкунандагони Тренингҳо барои ҷавонон: “Омўзиши роҳу усулҳои мубоҳисоти озод ва сулҳҷўёнаи манфиатбахши тарафайн байни ҷавонони минтақа” маросими супоридани сертификатҳо ва ба нақшагирии баргузории чорабиниҳои минбаъда баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур роҳбари Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хучанд баромад намуда, қайд намуд, ки ҷиҳати тадбиқи Лоиҳаи
байнисарҳадии муносибатҳои кишварҳои Осиёи Миёна оид ба пойдории сулҳу субот ва таҳаммулпазирии Фонди Аврупо дар шаҳри Хуҷанд зарур аст, ки тренерони омодашуда
силсила чорабиниҳоро дар клубҳои мубоҳисавӣ ва мунозиравиро барои ҷавонон ва ҳасолони худ баргузор намоянд.
Дар рафти чорабинии мазкур тренерони омодашуда, диди худро вобаста ба баргузор намудани чорабиниҳо дар клубҳои мубоҳисавӣ ва мунозиравӣ, тақсимоти вазифаҳо, вақти
баргузории чорабиниҳзо, ҷалби бенефитсиарҳо ва дигар масъалаҳо баён намуданд.
Вобаста ба пешниҳодҳои иштирокчиён ва тренерон тасмим гирифта шуд, ки дар асоси ҳадафҳои Лоиҳа ва Нақшаи кории марказ то моҳи июни соли ҷорӣ 10 чорабиниҳо дар
клубҳои мубоҳисавӣ ва мунозиравӣ баргузор карда шаванд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи роҳбари Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хучанд ба тренерони омодашуда, сертификатҳои дахлдор
супорида шуд.
Чорабинии мазкур дар доираи маблағгузории Лоиҳаи байнисарҳадии муносибатҳои кишварҳои Осиёи Миёна оид ба пойдории сулҳу субот ва таҳаммулпазирии Фонди
Аврупо баргузор карда шуд. Лоиҳа аз тарафи консортсиум таҳти роҳбарии Фонди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ бо шарикони миллӣ Yuksalish umummilliy
harakati (Узбекистон), БИОМ (Қиргизистон) ва ТҶ Гендер ва тараққиёт (Тоҷикистон) татбиқ мешавад.