Лоиҳаи «Муколамаи бисёрҷонибаи фаромарзӣ барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Осиёи Миёна» озмун барои ҷалб намудани хоҳишмандон ба гуруҳи «Мубодилаи фарҳангӣ» бо имконияти бурд намудани туҳфаҳои арзишманд ва Сертификати дараҷаи байналмилалӣ, эълон менамояд.
Талабот барои иштирок:
- иштирокчиён бояд аз сини 16 то 35 сола аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) бошанд;
- нисбат ба фарҳангу маданияти халқи худ бепарво набошанд;
- фаъол бошанд.
🔼Шартҳои лоиҳа:
- иштирок ба тариқи онлайн сурат мегирад 💻;
- иштирок дар лоиҳа ройгон аст 🆓;
- бурдани муколама дар гуруҳ 📢;
- дар охири озмун (ихтиёрӣ) лоиҳаеро пешниҳод намоед, ки кишвари шуморо аз беҳтарин ҷиҳат нишон медиҳад.
Намудҳои лоиҳа:
-иншо 📝
-акс 📷
-видео 📹
✴️Талабот барои кори иштирокчиён:
- бояд хусусияти маданияти халҷҳоеро, ки дар Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қиргизистон ва Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, баён намояд;
- бояд муҳити умумии неки ҳамсоягӣ, ягонагӣ ва ҳамфикрии байни халқҳоро расонад;
- бояд беназир ва аслӣ бошад (корҳо бояд ҳуқуқи муаллифӣ дошта бошанд);
- аксҳои баландсифат (аксҳо бояд айён, равшан, бо мазмуну мавзуи баланд бошанд);
❗Иловатан:
- як муаллиф метавонад то 2 асар фиристад ва ҳатман онҳоро дар шакли матн тавсиф кунад (онҳо ба асарҳо замима карда мешаванд).
Ҳеҷ гуна кор бе тавсиф қабул карда намешавад.❌
🗓️ Мӯҳлати ниҳоӣ: 17 майи 2023
Пас аз анҷоми қабули озмун комиссияи махсус корҳои иштирокчиёнро аз рӯи меъёрҳои дар боло зикршуда интихоб мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои арзёбии меҳмонони намоишгоҳ ғолибон аз рӯи 3 номинатсия муайян карда мешаванд. 🏆
Дар ҷадвали профил истиноди Culture exchange - ро пайгирӣ кунед ва сабти ном намоед!!!
📞барои саволҳо бо рақамҳои зерин тамос гиред:
(Q/А): +998 91 397-83-04 (Stasya) +998 93 187-70-73 (Aleksandra)