Салом, дӯстон!
Мо бо хушнудӣ як силсила семинарҳоро дар мавзӯи муҳим ва актуалӣ - "Идоракунии гуногунрангӣ, пешгирии низоъҳо дар ҷомеаҳои маҳаллӣ Дар Осиёи Марказӣ" эълон менамоем. Ин семинарҳо барои ҳама қишрҳои ҷомеа, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ ва мазҳабии онҳо пешбинӣ шуда буданд, зеро дар ҷаҳони имрӯза чунин дониш ва малакаҳо заруранд.
📍 Семинарҳо дар Тоҷикистон дар санаҳо ва маконҳои зерин бомуваффақият гузаронида шуданд:
Семинари аввал 22 майи соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони созмонҳои ҷавонон ва пешвоёни анъанавии динии шаҳри Конибодом иштирок доштанд.
Семинари дуюм 23 майи соли 2023 низ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки донишҷӯён, намояндагони ҷавонон, занон, маориф ва кормандони иҷтимоии шаҳри Конибодом баргузор гардид.
Семинари сеюм 24 майи соли 2023 дар ноҳияи Ашт барои кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони созмонҳои ҷавонони се ҷамоати ноҳияи Ашт баргузор гардид.
Семинари чорум 25 майи соли 2023 низ дар ноҳияи Ашт баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, пешвоёни дини анъанавӣ ва намояндагони ақаллиятҳои миллии деҳаи Панкози ноҳияи Ашт буданд.
🔔 Дар натиҷаи семинарҳои гузаронидашуда мо хулосаҳо ва тавсияҳои зеринро ба даст овардем:
Семинарҳо дар мавзӯи идоракунии гуногунрангӣ ва пешгирии низоъҳо дар ҷамоатҳои маҳаллӣ дар ҷаҳони муосир хеле муҳим ва серталаб буданд. Мушоҳида карда шуд, ки иштирокчиёни семинарҳо, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ ва динии онҳо, таваҷҷуҳ ва фаъолияти зиёд нишон доданд.