Баргузории чорабинии мубоҳисавӣ дар Маркази дўстӣ ва
якдигарфаҳмии байнидавлатии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд дар мавзуи “Сиёсати давлатии ҷавонон, мушкилоти онҳо ва роҳҳои ҳал”
Имруз дар Маркази дўстӣ ва якдигарфаҳмии байнидавлатии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хучанд дар доираи Лоиҳаи байнисарҳадии муносибатҳои дустонаи кишварҳои Осиёи Миёна оид ба пойдории сулҳу
субот ва таҳаммулпазирии Фонди Аврупо чорабинии мубоҳисавӣ дар мавзуи “Сиёсати давлатии ҷавонон, мушкилоти онҳо ва роҳҳои ҳал” баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти чорабинии мазкур муҳассилини Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, вобаста ба масъалаи мазкур фикру ақидаи худро баён намуданд. Аз ҷумла, мубоҳисаҳои зиёд атрофи мушкилоти ҷавонон, омилу сабабҳои он ва роҳҳои ҳалли онҳо гузаронида шуд..
Чорабинии болозикр пурсамар ва дар руҳияи дустию якдигарфаҳмӣ доир гардида, иштирокчиён он ба худ таъсуротҳои навро пайдо намуданд.
Чорабинӣ дар доираи маблағгузории Лоиҳаи байнисарҳадии муносибатҳои дустонаи кишварҳои Осиёи Миёна оид ба пойдории сулҳу субот ва таҳаммулпазирии Фонди Аврупо баргузор карда шуд. Лоиҳа аз тарафи консортсиум таҳти роҳбарии Фонди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ бо шарикони миллӣ Yuksalish umummilliy harakati (Узбекистон), БИОМ (Қиргизистон) ва ТҶ Гендер ва тараққиёт (Тоҷикистон) татбиқ мешавад.