Омӯзиш барои коршиносон
"Идоракунии гуногунрангӣ, пешгирии низоъҳо дар ҷомеаҳои маҳаллии Осиёи Марказӣ"
Рӯзҳои 18-20 майи соли 2023 (аз соати 09.00 то 17.30) дар толори конфронси “Парк-Отел” дар Бишкек (Ҷумҳурии Қирғизистон) омӯзиш барои коршиносон оид ба гузаронидани тренингҳо дар ҷамоатҳои наздисарҳадӣ баргузор мегардад. Тренингро омӯзишҳои ботаҷриба: Зулфия Қӯчорбоева, директори Агентии технологияҳои иҷтимоӣ ва Бактыгул Исланбекова, ҳамоҳангсози миллии лоиҳаҳои Агентии технологияҳои иҷтимоӣ мегузаронанд.
Ин омӯзиш ба татбиқи Роҳнамои рушди устувор то соли 2030 дар самти мубориза ва пешгирии низоъ, беадолатӣ ва табъиз мусоидат мекунад. Инчунин, ин ғояҳо дар ҳуҷҷатҳои миллии стратегӣ ва барномавии Ҷумҳурҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон инъикос ёфтаанд.
Ҳамин тариқ, мутобиқи афзалиятҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ин омӯзиши коршиносон ба ҳамгироии воситаҳо, аз ҷумла Роҳнамо оид ба гузаронидани омӯзиши «Идоракунии гуногунрангӣ, пешгирии низоъҳо дар ҷомеаҳои маҳаллӣ дар Осиёи Марказӣ» ба фаъолияти намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва ҷамъиятҳои маҳаллии Ҷумҳуриҳои Қиргизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нигаронида шудааст.
Ҳадафи тренинг ин баланд бардоштани иқтидор ва рушди малакаҳои идоракунӣ ва пешгирии низоъҳо дар ҷамоатҳои маҳаллӣ мебошад. Дар давоми се рӯзи омӯзиш машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки ба шиносоӣ ва рушди салоҳиятҳо дар самтҳои мавзӯӣ, аз қабили:
ташаккули стереотипҳо ва тасаввурот;
табъиз хамчун манбаи низоъ;
қонунгузории миллӣ ва механизмҳои байналмилалии танзими гуногунии фарҳангӣ;
шиносоӣ бо муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон;
идоракунии муноқишаҳо ва нақши мақомоти маҳаллӣ дар пешгирии низоъҳо;
ва ғайра.
Иштирокчиёни давраи омӯзишӣ имкони табодули таҷриба ва донишро пайдо карда, дар натиҷаи омӯзиш барои ҳамкориҳои ояндаи намояндагони минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шабакаи робитаҳои касбӣ ба вуҷуд меоранд.
Ин омӯзиш барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад, зеро он ба афзоиши таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар минтақа мусоидат мекунад.
Чорабинӣ ба таиқи онлайн ва офлайн баргузор мешавад.
Созмондиҳандагони барномаи «Омӯзиш барои коршиносон» рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО-ро даъват мекунанд.
____
Омӯзиш дар доираи лоиҳаи «Муколамаи бисёрҷонибаи фаромарзӣ барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Осиёи Миёна», бо маблаӯгузории Иттиҳоди Аврупо, аз ҷониби консорсиум таҳти роҳбарии Бунёди Конрад Аденауэр дар якҷоягӣ бо се шарики миллӣ: Ҳаракати экологии «БИОМ» (Қирғизистон), Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» (Ӯзбекистон) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» (Тоҷикистон) ташкил карда шудааст.